Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ пешсаф аст


Натоиҷи аввалияи шумориши орои интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон эълом шуд.

Ситоди интихоботии Эрон дар ҳоли шумориш ва эъломи гом ба гоми натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар аст. Бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамчунон пешсафи интихобот аст.

Вазири умури дохилии Муҳаммад Наҷор Эрон натиҷаҳои орои шуморидашударо эълом кард. Натоиҷи шумориши оро то соати 14:30 дақиқа ба вақти Теҳрон аз он ҳикоят дорад, ки Ҳасан Рӯҳонӣ ҳашт миллиону 439 ҳазору 530, Муҳаммад Боқир Қолибоф ду миллиону 560 ҳазору 383, Муҳсин Ризоӣ ду миллиону 101 ҳазору 303, Саид Ҷалилӣ як миллиону 890 ҳазору 462, Алӣ Акбари Вилоятӣ 977 ҳазору 765 ва Муҳаммад Ғаразӣ 196 ҳазору 929 раъй ба даст оварданд.

Дар Эрон райдиҳии рӯзи ҷумъа 5 соат бештар аз вақти муқаррарӣ давом кард ва то соати 23 шаб ҳавзаҳои райдиҳӣ дарҳои худро боз нигоҳ доштанд. Қарор буд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон раъйдиҳӣ то соати 18:00 вақти Эрон давом кунад, вале вазорати корҳои дохилаи ин кишвар, ки бар равандҳои интихоботӣ назорат мекунад, вақти раъйдиҳиро барои шаҳрвандон се бор тамдид кард ва он то соати 23:00 вақти Эрон идома ёфт.

Назархоҳиҳое, ки дар остонаи интихобот баргузор шуд, гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси пешини ҳайати музокироти ҳастаии Эрон ва ҷонибдори гурӯҳи ислоҳталабон бо Муҳаммадбоқир Қолибоф-шаҳрдори кунунии Теҳрон рақибони аслии ин итихобот ба шумор мераванд.

Агар ҳеҷ як аз ин шаш номзад барои пирӯзӣ райи кофӣ ба даст наорад, ду нафари пешсаф ба даври дуввуми интихобот хоҳанд рафт. Даври дуввуми интихобот 21 июн дар назар гирифта шудааст.

Нозирони байналмиллалӣ бар ҷараёни райдиҳӣ назорат накардаанд. Вале матбуоти Эрон аз қавли мақомоти интихоботӣ гузориш додаанд, ки шумораи ширкаткунандагон дар интихоботи кунунӣ нисбат ба интихоботи 4 соли пеш бештар будааст.

Дар Эрон 50,5 миллион нафар аҳолии қобили раъй вуҷуд дорад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот рӯзи шанбе эълон шавад, вале коршиносон мегӯянд, баъид ба назар мерасад, ки касе аз ин шаш номзад бештар аз 50 дарсади ороро дар даври аввал ба даст биорад ва барандаи интихобот эълон шавад.
XS
SM
MD
LG