Пайвандҳои дастрасӣ

Душаҳрвандӣ барои шаҳрвандони Туркманистон ва Русия бозгардонида шуд


Шиносномаи Туркманистон

Шиносномаи Туркманистон

Шаҳрвандони Туркманистон, ки шиносномаи Русия низ доранд, акнун метавонанд шиносномаи Туркманистонро низ дарёфт кунанд. Рӯзи ҷумъа вазорати корҳои хориҷаи Туркманистон эълон кард, ки акнун барои шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд, яъне ҳам шаҳрванди Туркманистон ва ҳам шаҳрванди Русия ҳастанд, метавонанд шиносномаҳои Туркманистон бигиранд.

Соли 1993 байни Русия ва Туркманистон қарордоди душаҳрвандӣ имзо шуда буд. Вале дар соли 2003 ин қарордодро ҷониби Туркманистон дар порламони худ ба ҳолати таълиқ даровард ва эътибори қарордод боздошта шуд. Вале ҷониби Русия ин қарордодро то ҳол ба эътибори пешинаш нигоҳ медошт.

Рӯзи душанбе Кохи Кремли Маскав эълон кард, ки президент Владимир Путин даъвати Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистонро дар бораи боздид аз Туркманистон пазируфтааст ва дар ояндаи наздик аз Ашқобод боздид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG