Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия изҳороти Амрикоро дар бораи аслиҳаи кимёӣ рад кард


Сурия иддаои Амрикоро дар ин бора, ки режими Башор Асад дар ҷангҳо бар зидди шӯришиён аслиҳаи кимёиро ба кор бурдааст, рад кард. Рӯзи ҷумъа вазортаи корҳои хориҷаи Сурия гуфт, ки эъломияи Амрико “пур аз дурӯғ” ва аз “хабарҳои сохта” иборат буд.

Рӯзи панҷшанбе Вашингтон эълон кард, ки нируҳои режими президент Башор Асад аслиҳаи кимёӣ, аз ҷумла гази сурин ба кор бурдаанд ва 150 нафар ба ҳалокат расидаанд. Гази сурин асабро фалаҷ мекунад.

Юрий Ушаков-мушовири аршади Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфт, изҳороти Вашингтон “боварибахш ба назар намерасад”. Ушаков афзуд, тасмими Вашингтон дар бораи ҳимояти низомӣ аз шӯришиёни Сурия ба талошҳо барои баргузории конфронси сулҳи Сурия зарба мезанад.

Аммо Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия рӯзи ҷумъа аз изҳороти Амрико ҷонибдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG