Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тотористон барои тавҳин ба Қуръон як нафар ҷазо гирифт


Ҳамоҳангсози гурӯҳи Эътилофи миллатгароёни Русия дар ҷумҳурии Тотористон бегуноҳ эълон шуд. Вайро барои тавҳин ба ислом муттаҳам медонистанд. Вале рӯзи ҷумъа яке аз додгоҳҳои шаҳри Қазон Михаил Шаровро барои он гунаҳгор медонад, ки навори видеоиеро дар интернет ҷой додааст ва он тавҳин ба ислом арзёбӣ шуд.

Шаров барои ин кор 48 рӯз ба тамизкорӣ ва рӯбучин сафарбар карданд. Бозрасон мегӯянд, ки вай акси Қуръонро гирифтааст ва дар болояш як пора гӯшти хук ва ахлоти одамро гузоштааст ва онро соли гузашта дар сафҳаи интернетии худ ҷой додааст.

Аммо Шаров ин гуфтаҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки ин акс аз ҷои номаълум тавассути ҳакерҳо дар сафҳаи вай пайдо шудааст ва вай худаш аз ин хабар надоштааст.
XS
SM
MD
LG