Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон бо эътирозгарон мулоқот кард, вале натиҷа нест


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия бо ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ мулоқот кард, то бад-ин тариқ ба эътирозҳои зиддиҳукуматии ду ҳафтаи ахир хотима диҳад.

Бо вуҷуди ин, тазоҳуркунандагон “ҳушдори ниҳоӣ”-и Эрдуғонро дар бораи холӣ кардани чаҳорбоғи Гезии Истанбул ва пароканда шудан нодида гирифтанд.

Сухангӯи ҳизби Адолат ва Тараққиёти Эрдуғон гуфт, ки натиҷаҳои музокирот бо ширкаткунадагони тазоҳурот мусбат будааст, вале таъкид кард, ки эътирозгарон бояд чаҳорбоғро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG