Пайвандҳои дастрасӣ

Вақти райдиҳиро дар Эрон се бор тамдид карданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Эрон, вазорати корҳои дохилаи ин кишвар вақти райдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботиро барои як соати дигар тамдид кард. Акнун ҳамаи ҳавзаҳои райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар саросари кишвар соати 22 баста мешаванд.
Вале чанд лаҳза пеш баъд аз хатми мӯҳлати иловагӣ хабар расид, ки бори дигар вайти райдиҳиро тамдид кардаанд ва акнун то соати 23 шаб райдиҳӣ давом мекунад.

Дар оғоз қарор буд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ соати 18 баста шаванд, вале мақомот мӯҳлати райдиҳиро ду бор тамдид карданд. Бори аввал то соати 20 ва бори дуввум то соати 22 ва акнун то соати 23 вақти маҳаллии Эрон вақти райдиҳӣ тамдид шуд.
XS
SM
MD
LG