Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия изҳороти Амрикоро "пур аз дурӯғ" хонд


Давлати Сурия, иддаъоҳои Амрикоро рад кард, ки мегӯяд, артиши он кишвар дар ҷанг ба зидди шӯришиён аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода бурдааст. Вазорати умури хориҷии Сурия рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, изҳороти ҳукумати Амрико дар ин замина, “пур аз дурӯғ” аст ва бар асоси "иттилооти бофта” аст. Ҳукумати Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, ки далелҳо дорад, ки нерӯҳои Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар ҷанг бо шӯришиён аслиҳаи кимиёвӣ, аз ҷумла гази кушандаи заринро ба кор бурда ва 150 нафарро куштаанд. Аммо мушовири умури хориҷии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, иттилооти ба онҳо додаи Амрико дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи ҳукумати Сурия, “мутақоидакунанда ба назар намерасад.” Юрий Ушаков, рӯзи ҷумъа гуфт, тасмими Амрико барои афзоиши кӯмаки низомӣ ба шӯришиёни Сурия, талошҳои дутарафа барои баргузории конфронси сулҳро зери суол мебарад. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, гуфтааст, ки бо ин арзёбии Иёлоти Муттаҳида мувофиқ аст.
XS
SM
MD
LG