Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши шатранҷбози тоҷик барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон


Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев, шатранҷбози тоҷик, дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии ҷаҳон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Бишкек дар ҷойи дувум қарор дорад.

Вай дар 7 бозӣ 5 имтиёз ба даст овардааст. Муҳаммадхуҷа бар шатранҷбозони Туркманистан – Хайрулло Ҳаитбоев, Мақсад Атобоев ва Сафармурод Атобоев ғолиб омада, бозиҳоро бо Ҷантай уулу Ҷавҳар ва Михаил Марков (ҳарду аз Қирғизистон), Антон Филиппов ва Ҷӯрабек Ҳамроқулов (ҳарду аз Узбакистон) мусовӣ кард.
Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхоҷаев 2-юми июни соли 1987-ум дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай аз синни 5-солагӣ ба шоҳмот шуғл меварзад. Ӯ ғолиби чандинкарата ва ҷоизадори мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва мардон мебошад. Ӯ ду бор – солҳои 2006-ум ва 2012-ум дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаҳои ҷаҳонии шоҳмот иштирок кардааст. Рейтинги ӯ дар феҳристи ҷаҳонии шоҳмот дар ҳамин ҳол 2384 имтиёз мебошад. Вай оиладор аст, як писар дорад ва чанд соли ахир дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад.

Шатранҷбози дигари тоҷик Темур Исмоилов бо 3 имтиёз дар ҷойи 17-ум мебошад. Дар сабқати мардон миёни 22 нафар Антон Филиппов (Узбакистон) бо 5,5 имтиёз пешсаф аст.

Дар сабқати занон байни 12 шатранҷбоз Гулисхон Нахбоева (Қазоқистон) бо 6,5 имтиёз аз 7 бозӣ дар ҷойи аввал мебошад. Шатраҷбозони Тоҷикистон - Надежда Антонова бо 3,5 имтиёз дар ҷойи шашум, Марворид Насриддинзода бо 2 имтиёз дар зинаҳои поёнӣ ҷойгир шудаанд.

Ду шатранҷбози беҳтарини мусобиқаи минтақавӣ миёни мардон ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми ҷаҳон байни мардон, ки тирамоҳи соли равон дар Норвегия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Ғолиби сабқати занон бошад, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни занон ширкат хоҳад кард.

Мусобиқаи минтақавӣ, ки аз 9 давр иборат аст, дар пойтахти Қирғизистон 16-уми июн ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG