Пайвандҳои дастрасӣ

Русия арзёбии Амрикоро мутақоидкунанда намедонад


Мушовири аршади Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар умури сиёсати хориҷӣ, мегӯяд, иттилооти ба онҳо додаи Амрико дар бораи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ аз тарафи ҳукумати Сурия, “мутақоидакунанда ба назар намерасад.” Юрий Ушаков, рӯзи ҷумъа гуфт, тасмими Амрико барои афзоиши кӯмаки низомӣ ба шӯришиёни Сурия, талошҳои дутарафа барои баргузории конфронси сулҳро зери суол мебарад. Аз ин пештар дар рӯзи панҷшанбе ҳукумати Иёлоти Муттаҳида гуфт, маъмурони амниятиаш мушаххас кардаанд, ки ҳукумати Сурия чанд дафъа дар ҷанг бар зидди шӯришиён аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардааст ва акнун Иёлоти Муттаҳида ба расонидани кӯмакҳои низомӣ ба шӯришиён оғоз мекунад. Аммо ҳоло маълум нест, ки Амрико ба Шӯрои Олии Низомии Сурия, як гурӯҳи умдаи мухолифи давлат, чӣ гуна аслиҳа хоҳад дод. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, гуфтааст, ки бо ин арзёбии Иёлоти Муттаҳида мувофиқ аст.
XS
SM
MD
LG