Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлавар ба калисои Маскав шаҳрванди худи Русия будааст


Калисои Маскав.

Калисои Маскав.

Шахсе, ки ба як калисо дар шаҳри Маскав ҳамла бурда буд, шаҳрванди худи Русия будааст. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Русия, ин мардро аз Тоҷикистон муаррифӣ карда буданд.

Дар ҳоле, ки мақомоти пулиси Русия аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд, як ходими ин калисо розӣ шуд, ки роҷеъ ба ин рухдод ба Радиои Озодӣ сӯҳбат намояд.

Галина Александрова, як корманди ин калисо дар шарҳи ин ҳодиса ба Озодӣ гуфт, "шахсе, ки вориди калисо шуд, қиёфаи шарқӣ дошт. Ӯ пироҳани худро аз тан берун бароварда, ибодаткунандагонро дашном медод ва таҳдид менамуд. Ин шахс бисёр хашмгин ба назар мерасид ва шиорҳое чун “Шумо боварҳои маро таҳқир кардед” сар медод. Вай намозгузоронро таҳдид менамуд ва ҳозирин дар ҳолати тарс ва нигаронӣ қарор гирифтанд. Ба сурати умумӣ дар калисо пиразанҳо ҳузур доштанд. Муҳофизини калисо ӯро боздошт карданд ва пулисро дар ҷараён гузоштанд. “

Ба гуфтаи хонум Александрова, ин мард қиёфаи монанд ба шарқиҳо ё қафқозиҳо доштааст. Вай таъкид кард, ки марди боздоштшуда ҳомили шиносноми русӣ будааст. Ин ходими калисо ҳамчунин гуфт, ки марди боздоштшуда дар ҳолати мастӣ набуд ва бо худ аслиҳа надошт. Дар ҳоле, ки бархе хабаргузориҳои русӣ рӯзи гузашта аз қавли шоҳидони ҳодиса навиштанд, ки ҳамлагар бо табар мусаллаҳ будааст..

Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи панҷшанбе Юрий Агешев, ҳамоҳангсози Иттиҳоди гурӯҳҳои православии Русия ба Интерфакс гуфтааст, «ин нафар, бино ба иттилоъи пешакӣ, як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳангоми адои намоз вориди калисо дар оромгоҳи Лазаревское дар Маскав шуда, ба шикастани ҳама чиз пардохт. Ӯ ҳамзамон ба зидди масеҳиён шиор меандохт ва ҳозиринро таҳқир мекард.»

Сергий Рибко, раҳбари калисои ҳамлашуда ба РСН – Русская служба новостей – гуфта буд, баъди боздошт маълум шуд, ки ҳамлагар собиқ шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо худ шиносномаи шаҳрванди Русияро доштааст.

Ба гуфтаи манбаъи Интерфакс, намозгузорон ва казакҳое, ки ин калисоро посбонӣ мекарданд, ҳамлагарро боздошт кардаанд. Агешев гуфтааст, мақомоти пулис ӯро барои ташхиси вазъи сиҳҳати равониаш ба бемористони бемориҳои рӯҳӣ бурдаанд. Вале Агешев гуфт, ки онҳо мехоҳанд, то ҳамлагарро бо тамоми қатъият ба масъулият бикашонанд.

Дафтари матбуоти пулиси Маскав ба Интерфакс хабари ҳамла ба калисоро таъйид карда гуфта буд, ин ҳодиса соати ҳаштуними субҳ дар кӯчаи Советская армия рух дода, «авбош»-ро дар ҳоли ҳозир ба бемористони амрози рӯҳӣ фиристодаанд.

Роҳбари калисои воқеъ дар оромгоҳи Лазаревское Сергий Рибко ҳанӯз дар соли гузашта барои намозгузорони ин калисо ёддоште навишта буд, ки дар он аз ҷумла «ба далели афзоиши мавридҳои ҳамла ба ибодатгоҳҳои православӣ» шеваҳои муносибат ва рафтор дар чунин ҳолатҳо баён мешуд. Ин роҳиб дар чунин ҳолат истифодаи нирӯи ҷисмониро низ зарур номида, ба дунбол калисоро бо видеокамераҳо муҷаҳҳаз гардонд ва дар назди дарвозааш аз ҳисоби казакҳо посбон гузошт.

Дар моҳи май Абдуллоҳ Бобозода, як донишҷӯи тоҷик ба бинои сафорати Бразилия дар Маскав санг андохта буд. Вале баъдан гуфтанд, ки ин амал ягон ҷанбаи сиёсӣ надошт, балки ин ҷавон бемории рӯҳӣ доштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG