Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон то 12 соли дигар 10 миллион нафар мешаванд


Бунёди нуфусшумории Созмони Милал мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон то 12 соли дигар бештар аз 2 миллион нафар афзуда ва ба тақрибан 10 миллиону 600 ҳазор нафар хоҳад расид. Дар гузориши тозаи ин муассиса омадааст, дар сурати ба ҳамин минвол идома кардани таваллуд, мардуми Тоҷикистон то соли 2050 ба 15 миллион нафар мерасад ва то соли 2100 аз 21 миллион нафар ҳам мегузарад. Аҳолии Ӯзбакистони ҳамсоя ҳам аз бо суръати тундтаре зиёд мешудааст ва то 12 соли дигар ба марзи 33 миллион нафар наздик хоҳад шуд. Агар то соли 2050 “дунё ба охир нарасад”, ба гуфтаи Созмони Милал, курраи Замин мизбони 9 миллиарду 600 миллион нафар хоҳад буд. Дар ин миён аҳолии теъдоде аз кишварҳо, аз ҷумла Русияву Украина ва Ҷумҳурии Белорус кам мешудааст.
XS
SM
MD
LG