Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистону Узбакистон "оштӣ" карданд?


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва ҳамтои узбаки ӯ Ислом Каримов рӯзи ҷумъа дар шаҳри Тошканд аҳдномаи ҳамкориҳои стротегӣ имзо карданд. Ин санад самтҳои ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои сиёсиву иқтисодиву фарҳангиро мушаххас мекунад. Ҳамчунин ду тараф мувофиқа кардаанд, ки дар тақсими одилонаи захираҳои об дар минтақа аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мавзеъи ягона дошта бошанд. Бешак ишораи мазкур ба Тоҷикистону Қирғизистон, аст, ки мехоҳанд, барои таъмини худ бо энержӣ, нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бисозанд. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ситоиш аз Узбакистон гуфтааст, ки амнияти минтақавӣ “ба ҳамкориҳои ду кишвар вобаста аст.” Каримов ва Назарбоев солҳо боз барои пешвоӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат доштанд ва ҷанҷолҳои марзӣ ва бастани Маркази Фарҳангии Қазоқистон дар Тошканд дар соли 2008 равобити ду кишварро олуда карда буд.
XS
SM
MD
LG