Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА гуфт, Сурия аз аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдаст


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, маъмурони амниятиаш мушаххас кардаанд, ки ҳукумати Сурия чанд дафъа дар ҷанг бар зидди шӯришиён аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардааст ва акнун Иёлоти Муттаҳида ба расонидани кӯмакҳои низомӣ ба шӯришиён оғоз мекунад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар гузашта гуфтааст, дар сурати истифодаи силоҳи кимиёвӣ, режими Сурия аз “хати сурх” хоҳад гузашт ва Амрико ҳам дар ин сурат иқдом хоҳад кард. Чанде пештар аз ин шӯришиёни Сурия дар чанд набарде шикаст хӯрданд ва талаб доштанд, ки ба онҳо аслиҳаи пешрафта бидиҳанд. Аммо ҳоло маълум нест, ки Амрико ба Шӯрои Олии Низомии Сурия, як гурӯҳи умдаи мухолифи давлат, чӣ гуна аслиҳа хоҳад дод. Дар баёнияи ҳукумати Амрико омадааст, ниҳодҳои иттилооти ин кишвар мушаххас кардаанд, ки артиши Сурия соли гузашта дар ҷанг ба зидди шӯришиён чанд дафъа ва дар миқёси маҳдуде аслиҳаи кимиёвӣ ва аз ҷумла заҳри кушандаи заринро ба кор бурдааст.
XS
SM
MD
LG