Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Эрон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад


Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф
Ҳасан Рӯҳонӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф
Имрӯз дар Эрон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар он 6 номзад барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд. Дар остонаи ин интихобот ду номзад аз ширкат дар интихобот даст кашиданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, Алиакбари Вилоятӣ, Муҳаммадбоқир Қолибоф, Мӯҳсин Ризоӣ, Саид Ҷалилӣ ва Муҳаммад Ғаразӣ шаш номзади боқимонда ҳастанд. Вазорати корҳои дохилаи Эрон шумораи афродеро, ки ҳақи ширкат дар райдиҳиро доранд, 50 миллиону 483 ҳазор нафар эълон кардааст.

Ин интихобот ду давраи раёсати Маҳмуд Аҳмадинежодро дар Эрон ба поён мебарад.
Ду назархоҳии ахир нишон додааст, ки Ҳасан Рӯҳонӣ-номзади ислоҳгаро ва Муҳаммадбоқир Қолибоф-номзади муҳофизакорон нисбат ба дигарон бартарӣ доранд.
XS
SM
MD
LG