Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон ҳушдори ниҳоии Эрдуғонро нодида мегиранд


Пулиси зиддитазоҳурот дар Истанбул
Пулиси зиддитазоҳурот дар Истанбул
Ҳазорон нафар фаъолони Туркия ҳушдори Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири ин кишварро дар бораи қатъи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва холӣ кардани чаҳорбоғи марказии шаҳри Истанбул нодида гирифтанд. Ин тазоҳурот аз ду ҳафта ба ин сӯ идома дорад.

Эрдуғон рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод, ки пулис идомаи саркашии эътирозгарони чаҳорбоғи Гезиро дигар таҳаммул нахоҳад кард.

Баъд аз саркӯбии бераҳмонаи эътирозгарон аз тарафи нируҳои пулис эътироз ҳоло бар зидди Эрдуғон ташдид ёфтааст ва аз Истанбул ба Анкара ва шаҳрҳои дигар рафтааст.
Аз оғози эътирозҳо 4 нафар кушта, беш аз 5 000 нафар дар задухурдҳо бо пулис ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG