Пайвандҳои дастрасӣ

Ин донишҷӯён ду моҳ дар оилаҳои тоҷик зиндагӣ мекунанд ва на танҳо забон, балки анъанаҳои тоҷикиро низ ёд мегиранд.

Рӯзи панҷшанбе як гӯрӯҳи 40 нафарии донишҷӯёни амрикоӣ барои таҷрибаомӯзӣ вориди шаҳри Душанбе шуд. Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ба радиои Озодӣ хабар дод, ки аъзои ин гурӯҳ барои такмили дониши забони тоҷикиашон ба Тоҷикистон сафар карданд ва дар хонаводаҳои тоҷик ба омӯзиши забон ва омӯзиши расму оинҳои тоҷикӣ ошно мешаванд.


Нуриддин Шамсов

Нуриддин Шамсов

Нуриддин Шамсов-сафири Тоҷикистон дар Амрико гуфт, “гурӯҳи мазкур аз донишҷӯёну муҳаққиқони риштаҳои мухталифи донишгоҳҳои Амрико иборат аст ва ин сафари онҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи вижаи ҳамкории миёни вазорати корҳои хориҷии Амрико ва донишгоҳҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст. Донишҷӯёни амрикоӣ дар давоми ду моҳи тобистон аз Душанбе ва аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздид ва бо забони тоҷикӣ, лаҳҷаҳои он, фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон ва ҳамчунин бо мавзеъҳои диларабои кӯҳистони Тоҷикистон ошно мешаванд”.

Лерой Террелонҷе-мудири барномаи омӯзиши забонҳо дар Шӯроҳои Амрико ё American Councils дар ин сафар гурӯҳи мазкурро сарпарастӣ мекунад. Вай гуфт, ин донишҷӯён ҳама фарзандони амрикоиён ҳастанд. Онҳо як сол дар Амрико забони форсиро омӯхтаанд ва дар давоми ду моҳи таҷрибаомӯзии худ онҳо ҳар ҳафта 15 соат забони форсӣ ва 5 соат забони форсӣ-тоҷикӣ меомӯзанд.

Гузашта аз ин устодони тоҷик ба онҳо дар бораи адибиёти Тоҷикистону Эрон дарс медиҳанд. Базмҳои шеъри форсӣ-тоҷикӣ барпо мекунанд ва аз мусиқиву фарҳанги Эрон низ сабақ хоҳанд гирифт.

Аз оқои Террелонҷе пурсидам, ин гурӯҳи бузурги донишҷӯёни амрикоӣ баъд аз омӯзиши забон ва хатми донишгоҳҳои худ дар оянда дар куҷо кор хоҳанд кард? Вай гуфт, “донишҷӯёне, ки ба Тоҷикистон меоянд ва дар ин ҷо дарси форсӣ мехонанд, бештар алоқаманд ҳастанд, ки форсии Эронро омӯзанд. Муттаассифона, барои донишҷӯёни амрикоӣ дарс хондан дар Эрон ё Афғонистон мушкил аст. Барои ҳамин Тоҷикистон барои ин донишҷӯён беҳтарин интихоб мебошад”.


Хуршед Шералиев

Хуршед Шералиев

Хуршед Шералиев-коршиноси намояндагии American Councils дар Тоҷикистон мегӯяд, ки донишҷӯёни амрикоӣ дар шаҳри Душанбе ду моҳ дар хонаводаҳои тоҷикон зиндагӣ хоҳанд кард. Тақрибан ду моҳ пеш аз омадани ин донишҷӯён кормандони намояндагии мазкур оилаҳоеро барои зиндагии онҳо интихоб карданд ва онҳо 13 июн баъд аз ошноӣ бо шаҳр як нафарӣ ба “хонаҳои худ” тақсим шудаанд.

Оқои Шералиев мегӯяд, дар гузаштаҳо низ дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои вазорати корҳои хориҷаи Амрико бо Тоҷикистон гурӯҳҳо барои омӯзиши забон меомаданд, вале чунин гурӯҳи бузург бори аввал ба Тоҷикистон омадааст. Ҳамзамон дар Тоҷикистон як гурӯҳи дигари 12 нафарӣ таҷрибаи забономӯзиро мегузарад.

Дар давоми ду моҳи тобистон ба ҷуз аз барномаҳои омӯзишӣ донишҷӯёни амрикоӣ дар яке аз варзишгоҳҳои Душанбе бо зӯрхона, навъи варзише, ки дар Эрон хеле машҳур аст, ошно мешаванд. Аз Маркази исмоилиҳо дар Душанбе ва осорхонаҳои таърихиву фарҳангӣ дар Душанбе боздид мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Террилонҷе, донишҷӯён баъд аз баргашт ба Амрико кишварҳои камтар шинохташуда, аз қабили Тоҷикистонро дар Амрико муаррифӣ мекунанд. Онҳо баъд аз хатми донишгоҳ метавонанд дар риштаҳои мухталиф кор кунанд. Аз ҷумла баъзе аз онҳо хабарнигор хоҳанд шуд, шояд баъзеҳои дигар дар риштаи худ ба таҳқиқи забону адабиёт машғул шаванд ва ё дар ожонсиҳои байналмиллалӣ тарҷумонӣ кунанд. Агар онҳо бихоҳанд бо бизнес ё соҳибкорӣ ҳам машғул шаванд забони форсӣ дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG