Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳрибон ба ҷои Илҳом ба курсии раёсати ҷумҳурӣ менишинад?


Меҳрибон Алиева

Меҳрибон Алиева

Баъзе огоҳони сисёсӣ дар Озарбойҷон ҳадс мезананд, ки Илҳом Алиев барои эҳтиёт хонуми худ Меҳрибон Алиеваро ба ҷои худ омода мекунад.

Оё чунин ба назар намерасад, ки Меҳрибон Алиева-хонуми аввали Озарбойҷон, зани раиси ҷумҳури ин кишвар роҳро ба сӯи курсии раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон барои худ ҳамвор мекунад?

Баъзе таҳлилгарон бо назардошти ин, ки вай дар ин авохир муовини раиси ҳизби ҳокими кишвараш, яъне ҳизби “Озарбойҷони Нав”-и шавҳараш Илҳом Алиев интихоб шуд ва бад-ин тариқ ба раддаи аввали сиёсатмадорони кишвараш даромад, ин имконро низ ба баррасӣ гирифтаанд.

Дар кишварҳои Шӯравии пешин хонумҳои раисони ҷумҳур маъмулан бартарӣ медиҳанд, ки худро зиёд “нишон надиҳанд” ва дар худро дар “соя” нигоҳ доранд. Дар ин гурӯҳ метавон аз Ҳалина Лукашенко, Людмила Путина ва аз Азизмо Асадуллоева-хонуми Эмомалӣ Раҳмон ном бурд.


Меҳрибон ва Илҳом Алиевҳо

Меҳрибон ва Илҳом Алиевҳо

Вале Меҳрибон Алиева хонуми 48 солаи Илҳом Алиев аз онҳо фарқ дорад. Вай ҳарисона барои худ дар майдони сисёсӣ роҳ меҷӯяд. Вай собиқаи муовини раиси порламон, созмондиҳандаи корҳои хайрия ва сафири фарҳангиро дорад.

Ҳафтаи гузашта вай дар анҷумани ҳизбӣ муовини раиси ҳизби ҳокими “Озарбойҷони Нав” интихоб гардид. Бар иловаи ин, ки вай яке аз занони боломақоми Озарбойҷон дониста мешавад, интихобаш ба мақоми муовини раиси ҳизби ҳоким ин сару садоҳоро дар ҷомеа ба бор овардааст, ки мумкин аст дар аввалҳои тирамоҳи соли ҷорӣ номзадии вай ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баррасӣ шавад, дар ҳоле, ки шавҳараш Илҳом Алиев намехоҳад курсии раёсатро тарк кунад.

Зафар Гулиев-таҳлигари умури сисёсӣ дар Боку мегӯяд, шояд раиси ҷумҳур масъалаи рафтан ба даври севвуми раёсати ҷумҳуриро бознигарӣ кунад.

“Мумкин аст ғайричашмдошт зимоми қудрат ба Меҳрибон Алиева дода шавад. Бо вуҷуди ин, ки ҳизби “Озарбойҷони Нав” Илҳом Алиевро аз ҳоло номзад муаррифӣ кардааст, боз ҳам ҳукумат роҳҳои дигари алтернативиро дар назар гирифтааст. Агар Илҳом нахоҳад номзадии худро пешбарӣ кунад ва ё тасмим бигирад, ки номзадиашро фаро мехонад, дар он сурат Меҳрибон чун номзад ба интихобот хоҳад рафт”.

Соли 2009 дар Қонуни Асосии Озарбойҷон иловае ворид карданд, ки тибқи он маҳдудият барои ширкати Илҳоми 51 сола дар интихобот аз миён бардошта шуд ва боз ҳам вай метавонад дар интихобот номзадии худро гузорад.

8 июн дар анҷумани ҳизбӣ Алиевро номзад пешбарӣ карданд ва дар даври севвум ҳам вай метавонад ширкат ва бар номздҳои маъруфи мухолифон, аз ҷумла бар Рустам Ибрагимбеков-коргардони машҳури синамо пируз шавад. Ибрагимбеков аз ҷумлаи номзадҳои билқувваи мухолифон ба шумор меравад.

Дар Озарбойҷон мардум аз низоми худкомаи раҳбарӣ ба сутуҳ омадаанд. Илҳом Алиев барои ришвахорӣ “Одами сол” эълон шуда буд ва ин “унвон” мардумро ба ғазаб овард. Бо назардошти ин баъзе сару садоҳо шунида мешавад, ки шояд Алиев мақомашро супорад.

Эркин Қодирӣ-узви Ҷунбиши Алтернативии Ҷумҳурихоҳи мухолифон мегӯяд, ки Алиев беш аз пеш таҳти баррасии мушикофона қарор гирифтааст ва мумкин аст ба нооромиҳои мардумӣ рӯ ба рӯ шавад. Ба ҳамин сабаб вай шояд қудратро байни муттаҳидони худ тақсим кунад.

“Шояд ин тавр аст, ки шумораи шахсони боварибахши раиси ҷумҳур дар ҳизб камтар шудаанд ва вай маҷбур аст, ки хонумашро муовини худ интихоб кунад. Доира маҳдуд мешавад ва мешавад гуфт, ки онҳо акнун ба доираи хонаводаӣ бартарӣ додаанд”.

Аз сӯи дигар, баъзеҳо мегӯянд, ки шояд Алиев бо ҳамин роҳ мехоҳад “ҳадя”-и ниҳоиро дар ихтиёри хонуми ҷоҳталаби худ гузорад.


Хонаводаи Ҳайдар Алиев

Хонаводаи Ҳайдар Алиев

Хешовандони Меҳрибон мақомҳои баланди давлатӣ ва донишгоҳиро ишғол кардаанд ва додани зимоми қудрат ба дасти Меҳрибон мумкин аст барои мардуми Озарбойҷон ғайричашмдошт ҳам набошад.

Ин кишвар як бор шоҳиди мунтақил кардани қудрат аз Ҳайдар Алиев ба писараш Илҳом будааст. Соли 2003 падар қабл аз марг раҳбариро ба писараш дод. Он вақт ҳам Илҳои муовини раиси ҳизби ҳокими “Озарбойҷони Нав” интихоб шуда буд. Ва акнун дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Меҳрибон низ дақиқ ҳамин мақомро дар ҳизби ҳоким соҳиб шуд.

Аммо ҳизби ҳоким ҳар гуна ҳадсу гумонро дар бораи ҷойгузин шудани хонум ба ҷои шавҳар дар курсии раёсати ҷумҳурӣ рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG