Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи зодаи Тоҷикистон ба калисое дар Маскав?


Оромгоҳи Лазаревское

Оромгоҳи Лазаревское

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, як марди зоҳиран аз Тоҷикистон субҳи 13 июн ба як калисо дар Маскав ҳамла кардааст.

Юрий Агешев, ҳамоҳангсози Иттиҳоди гурӯҳҳои православии Русия ба Интерфакс гуфтааст, «ин нафар, бино ба иттилоъи пешакӣ, як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ҳангоми адои намоз вориди калисо дар оромгоҳи Лазаревское дар Маскав шуда, ба шикастани ҳама чиз пардохт. Ӯ ҳамзамон ба зидди масеҳиён шиор меандохт ва ҳозиринро таҳқир мекард.»

Аммо дар ҳоле ки намояндаи Иттиҳоди гурӯҳҳои православии Русия аз эҳтимоли шаҳрванди Тоҷикистон будани ҳамлагар сӯҳбат мекунад, Сергий Рибко, раҳбари калисои ҳамлашуда ба РСН – Русская служба новостей – гуфтааст, баъди боздошт маълум шуд, ки ҳамлагар собиқ шаҳрванди Тоҷикистон буда, бо худ шиносномаи шаҳрванди Русияро доштааст.

Бархе хабаргузориҳо аз қавли шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ҳамлагар бо табар мусаллаҳ буд ва намозгузоронро дашном медод.

Ба гуфтаи манбаъи Интерфакс, намозгузорон ва казакҳое, ки ин калисоро посбонӣ мекарданд, ҳамлагарро боздошт кардаанд. Агешев гуфтааст, мақомоти пулис ӯро барои ташхиси вазъи сиҳҳати равониаш ба бемористони бемориҳои рӯҳӣ бурдаанд. Вале Агешев гуфт, ки онҳо мехоҳанд, то ҳамлагарро бо тамоми қатъият ба масъулият бикашонанд.

Дафтари матбуоти пулиси Маскав ба Интерфакс хабари ҳамла ба калисоро таъйид карда гуфтааст, ин ҳодиса соати ҳаштуними субҳ дар кӯчаи Советская армия рух дода, «авбош»-ро дар ҳоли ҳозир ба бемористони амрози рӯҳӣ фиристодаанд.

Роҳбари калисои воқеъ дар оромгоҳи Лазаревское Сергий Рибко ҳанӯз дар соли гузашта барои намозгузорони ин калисо ёддоште навишта буд, ки дар он аз ҷумла «ба далели афзоиши мавридҳои ҳамла ба ибодатгоҳҳои православӣ» шеваҳои муносибат ва рафтор дар чунин ҳолатҳо баён мешуд. Ин роҳиб дар чунин ҳолат истифодаи нирӯи ҷисмониро низ зарур номида, ба дунбол калисоро бо видеокамераҳо муҷаҳҳаз гардонд ва дар назди дарвозааш аз ҳисоби казакҳо посбон гузошт.

Ин нахустин мавриди ҳамла ба як ибодатгоҳи масеҳӣ дар Русия аст, ки як шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистонро ба даст доштан дар он муттаҳам мекунанд. Дар моҳи май Абдуллоҳ Бобозода, як донишҷӯи тоҷик ба бинои сафорати Бразилия дар Маскав санг андохта буд. Вале баъдан гуфтанд, ки ин амал ягон ҷанбаи сиёсӣ надошт, балки ин ҷавон бемории рӯҳӣ доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG