Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Эрдуғон ҳам аҳли Тақсимро ором накард


Эрдуғон
Эрдуғон

Сарфи назар аз ваъдаи баргузории ҳамапурсӣ дар масъалаи бозсозии боғи Ғозии Истанбул, муқовимати байни пулис ва тазоҳургарон то ҳол идома дорад.

Эътирозҳои мардум, ки дар оғоз бо шиорҳои зидди бозсозии боғи Ғозӣ шурӯъ шуда буд, баъдан ба масоили сиёсӣ печид ва нахуствазири ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғонро дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеъа қарор дод. Эрдуғон ба худкомагӣ ва таҳмили арзишҳои ҳизби муҳофизакори худ бар шаҳрвандони Туркия муттаҳам мешавад. Хабари эълони референдум ё раъйдиҳии умумӣ шӯру шаре барпо накард. Тазоҳургарон ҳамчунон қисме дар боғ ва бахши дигар дар майдони Тақсим боқӣ мондаанд.

Дар Анкара, пойтахти Туркия, пулис барои пароканда кардани ҳазорон тазоҳургар боз ҳам аз гази ашковар истифода кардааст.


Ваъдаи Эрдуғон ҳам аҳли Тақсимро ором накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
Линки мустақим


Эълони референдум ба дунболи мулоқоти нахуствазир Эрдуғон бо гурӯҳе аз фаъолон ҳамчун аломати эътирофи онҳо арзёбӣ шуд. Ин мулоқот ҳамчунин дар ҳоле баргузор гардид, ки тамоми шаби сешанбе байни пулис ва тазоҳургарон задухӯрдҳое ҷараён гирифт, ки гуфта мешавад, аз оғози тазоҳурот пурхушунаттарин будааст.

Ҳусейн Челик, сухангӯи ҳизби адолат ва рушди Таййиб Эрдуғон гуфтааст, ки референдум ё ҳамапурсӣ на дар саросари кишвар, балки танҳо дар Истанбул баргузор хоҳад шуд. Сухангӯи ҳизби ҳоким изҳори умед кард, ки ин ҳусни нияти ҳукумат тазоҳургаронро водор ба тарки боғи Ғозӣ ва майдони Тақсим хоҳад кард: “Ман ба онҳое муроҷиат мекунам, ки танҳо ба хотири ҳимояи муҳити зист ва ё изҳори ақидаи худ ҷамъ шудаанд. Ҳоло ки мо қарори баргузории референдумро қабул кардем ва ин қарорро ба сохторҳои марбута месупорем, шумо бояд бидуни таъхир аз боғи Ғозӣ хориҷ шавед. То зиндагӣ ба маҷрои маъмулияш баргардад ва мардум тавонанд дар ин боғ озодона сайругашт кунанд.”

Мавҷи тазоҳуроте, ки аз 31-уми май ба ин тараф Туркияро фаро гирифтааст, ҷиддитарин чолиш барои ҳукумати Эрдуғон тайи 10 соли раҳбарии ӯ шумурда мешавад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар баробари тазоҳургарон бетаҳаммулӣ нишон дод ва онҳоро террористу авбош ва душманони демократия унвон кард.

Шарикони Туркия дар паймони НАТО, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо батакрор аз хушунатҳо дар Туркия изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҷараёни эътирозҳои 13 рӯзи ахир дастикам чаҳор нафар кушта ва ҳудуди 5 ҳазор тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG