Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нуқтаи раъйдиҳӣ барои эрониҳои муқими Тоҷикистон


Сафорати Эрон барои таъмини ширкати шаҳрвандони эронии муқими Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 14 июни раёсатҷумҳурии Эрон ду маҳалли раъйдиҳӣ таъсис додааст. Дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи 13 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, як нуқтаи раъйдиҳӣ дар бинои сафорат, воқеъ дар хиёбони Бохтари пойтахти Тоҷикистон ва нуқтаи дувум барои коргарони сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Сангтӯда-2, ки бо сармояи Эрон сохта мешавад, дар кӯчаи Сангтӯдаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон фаъол хоҳанд шуд. Барои мақоми раисиҷумҳури Эрон 6 номзад сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG