Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони нави Тоҷикистон дар сеҳарбаи қудратӣ


Руслан Сиразов (акс аз бойгонӣ)
Руслан Сиразов (акс аз бойгонӣ)

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи пауэрлифтинг(powerlifting) ё сеҳарбаи қудратӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ширкати беш аз 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар сурат гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Қаҳрамон Шарифов (52 кг, вилояти Суғд), Салимҷон Ҳасанов (56 кг, вилояти Хатлон), Нусратулло Одинаев (60 кг, Душанбе), Исмон Сулаймонов (67,5 кг, Душанбе), Хуршед Тураев (75 кг, вилояти Хатлон), Ёқуб Ғуломов (82,5 кг, Душанбе), Диловар Тағоев (90 кг, Душанбе), Иброҳим Ҷӯраев (100 кг, Душанбе), Иван Малишенко (110 кг, вилояти Суғд), Боғир Ризозода (125 кг, Душанбе) ва Ҷалолиддин Маҳмадалиев (+125 кг, Душанбе) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Нусратулло Одинаев инчунин қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон гардид.

Мусобиқа миёни варзишгарони бо либоси варзишии замонавӣ муҷаҳҳаз, ки барои ин навъи варзиш гарон аст, дар чаҳор вазн доир шуд. Душанбегиҳо Хайриддин Ризоев (75 кг), Исматулло Шокиров (82,5 кг), Солеҳ Салимов (90 кг) ва Руслан Сиразов (125 кг) ғолиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки пауэрлифтинг дар Тоҷикистон баъди таъсиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар аз соли 2002-юм ба роҳ монда шудааст. Қаҳрамони ҷаҳону Осиё Толеъ Холназарови 38-сола поягузори ин намуд дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Федеросиюни миллӣ бо ибтикори Толеъ Холназаров таъсис ёфтааст ва ӯ 11 сол аст, ки раҳбариашро ба зима дорад.

Дарвоқеъ, Руслан Сиразов, шогирди Толеъ Холназаров, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки ахиран дар шаҳри Аҳвози Эрон баргузор шуд, дар як навъи рақобатҳо бо натиҷаи 280 кг барандаи медали биринҷӣ гардид.
XS
SM
MD
LG