Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 12-уми июн бозиҳои даври 7-уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар як бозӣ мизбонон, дар яктоаш меҳмонон ғалаба карданд ва як бозӣ мусовӣ шуд. Бозии пешсафони ҷадвали мусобиқот – “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Нури Норак”-и Норак бо ҳисоби 2 – 2 анҷом ёфт.

Натоиҷи бозиҳои даври 7-ум:

“Пахтакор» (Қубодиён) - РТСУ (Душанбе) - 2 - 3
“Бохтар” (Бохтар) - “Саройкамар” (Панҷ) - 3 - 2
«Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) - “Нури Норак” (Норак) – 2 - 2


Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Кӯктош+С» бо 16 имтиёз пешсафи ягона мебошад. “Нури Норак” бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Ин ду дастаи пешсаф то ҳоло бохт надоранд. “Саройкамар” бо 10 имтиёз дар ҷойи севум аст. Футболбозони ноҳияи Панҷ як бозӣ камтар кардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 6 5 1 0 156 16
2. «Нури Норак» (Норак) 6 3 3 0 7– 4 12
3.Саройкамар” (Панҷ) 5 3 1 1 9-4 10
4. «Ҳулбук» (Восеъ) 5 3 0 2 10– 7 9
5 РТСУ (Душанбе) 6 3 0 3 8– 10 9
6. «Бохтар” (Бохтар) 5 1 1 3 4– 7 4
7. «Ҳосилот» (Фархор) 5 1 0 4 4 – 8 3
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 6 0 0 6 5 – 16 0

Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) - 6 тӯб, Зоир Холматов («Ҳулбук») - 5 тӯб, Некрӯз Козимов («Нури Норак») - 4 тӯб.

Бозиҳои даври 8-ум:

16-уми июн (якшанбе), соати 17.30

РТСУ - “Нури Норак”
“Саройкамар” - “Ҳулбук”
“Ҳосилот” - “Бохтар”
XS
SM
MD
LG