Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори тозаи СММ дар бораи қурбониёни ҷанги Сурия


Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, бар асоси арзёбиҳои тоза, дар низоъи Сурия то кунун тақрибан 93 ҳазор нафар кушта шудаанд. Нави Пиллай, масъули умури ҳуқуқи башари Созмони Милал бо нашри баёнияе гуфт, мумкин аст, теъдоди воқеъии кушташудагон аз ин ҳам бештар бошад. Ба гуфтаи созмон, баъд аз моҳи июли соли гузашта дар Сурия моҳона марги 5000 нафар сабт мешавад. Аз оғози моҳи декабри соли гузашта то кунун ба гуфтаи Нави Пиллай 27 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд. Иттилооти тоза дар бораи талафоти ҷонӣ дар муноқишаи Сурияро аз ҳашт манбаъ, аз ҷумла ҳукумати Сурия ва Маркази Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия гирд овардаанд, ки ин созмони мухолифи давлат дар Бритониё қароргоҳ дорад. Қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия моҳи марти соли 2011 шурӯъ шуд ва баъдан ба хушунату хунрезӣ печид.
XS
SM
MD
LG