Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш маъмури пулиси афғонро дар Ҳилманд куштанд


Шаш маъмури пулиси Афғонистонро дар як посгоҳи дурафтода дар ҷануби ин кишвар куштаанд. Ҷасадҳои тирхӯрдаи ин афсаронро шаби чаҳоршанбе дар наздии посгоҳ пайдо кардаанд. Умар Звак, сухангӯи ҳукумати вилояти Ҳилманд, рӯзи панҷшанбе гуфт, маъмурони пулисро як ҳамкори худашон кушта ва ғайб задааст. Бино ба гузоришҳо, ду маъмури пулис нопадид шуданд. Толибон гуфтаанд, ки афсари қотил зархариди онҳо будааст. Мақомоти расмии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамларо таҳқиқ мекунанд ва агар воқеият дошта бошад, пас ҳамлаи дигаре аз силсилаҳои ҳамлаҳои дохилӣ ба нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон аст. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта як афсари пулиси афғон ҳашт ҳамкорашро дар Ҳилманд кушт ва аз ин пештар дар моҳи май, як сарбози афғон ду сарбози амрикоиро ҳалок кард.
XS
SM
MD
LG