Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Русия хостанд, узбакҳоро ба Қирғизистон надиҳад


Ҳюман Райтс Вотч аз ҳукумати Русия хостааст, се узбакро ба Қирғизистон истирдод накунад, зеро мумкин аст, онҳоро дар Қирғизистон азобу шиканҷа диҳанд. Дар баёнияи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, омадааст, ҳарсе шаҳрванди узбактабори Қирғизистонро дар кишварашон ба даст доштан дар муноқишаҳои қавмии хунини соли 2010 дар Қирғизистон муттаҳам мекунанд. Дар он муноқишаи миёни узбаку қирғизҳо садҳо нафар кушта шуданд. Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, дар Қирғизистон маъмурони пулис зимни бозпурсӣ ва ҳосил кардани эътироф муттаҳамонро азияту шиканҷа мекунанд. Ҳаг Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони мазкур гуфтааст, «Русия бояд бар тибқи тааҳудоти байналмилалии худ амал карда ва нагузорад, ки ин афрод ба Қирғизистон бозпас фиристода шаванд.»
XS
SM
MD
LG