Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Гугл ба корбарони Интернет дар Эрон


Ширкати Гугл мегӯяд, шоҳиди амалиётҳои ғайриқонунӣ барои дуздидани калидвожа ва ё паролҳои даҳҳо ҳазор нафар корбарони Интернет дар Эрон шудааст. Ин ширкати амрикоӣ мегӯяд, амалиёт зоҳиран аз Эрон сарчашма мегирад ва саъй доранд, аз роҳи фиребу найранг ҳазорон нафар аз корбарони Гуглро ба ишфо кардани ному калидвожаҳояшон моил кунанд. Ба гуфтаи Гугл зоҳиран ин талошҳо ҳадафҳои сиёсӣ доранд ва ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон иртибот мегиранд, ки қарор аст, рӯзи ҷумъа баргузор шавад. Дар баёнияи Гугл омадааст, ки талошҳо барои дуздидани иттилооти маҳрамонаи корбарони он се ҳафта пеш шурӯъ шудааст. Эрик Гроссе, муовини мудири ширкати Гугл, аз корбарони эронӣ хостааст, ҳангоми истифодаи имейлҳои худ эҳтиёткор бошанд.
XS
SM
MD
LG