Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвар Сновден мегӯяд, дар Ҳонк Конг мемонад


Эдвард Сновден, ки як барномаи махфии ҳукумати Амрикоро ифшо кард, мегӯяд, ки дар Ҳонг Конг мемонад ва ба истирдоди эҳтимолӣ барои муҳокима дар Иёлоти Муттаҳида муқовимат хоҳад кард. Дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Соуз Чайна Морнинг Пост” ӯ гуфтааст, на аз тарси муҳокима ба Ҳонк Конг омадааст, балки барои ишфои “ҷиноятҳое”, Оҷонси Амнияти Милли Амрико бо барномаи азими ҷосусиаш мекунад. Эдвард Сновден чанде пеш аз мавҷудияти барномаҳои махфие хабар дод, ки бар асоси он маъмурони амниятии Амрико метавонистаанд, муколамаҳои телефонӣ ва интернетии миллионҳо нафарро назорат кунанд. Кейт Александр, мудири Оҷонси Амнияти Миллии Амрико рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки барномаи мазкур имкон додааст, аз “даҳҳо” амалҳои террористӣ дар дохил ва хориҷи Амрико пешгирӣ шавад. Алайҳи Эдвард Сновден, ки дар гузашта дар оҷонси мазкур кор мекардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG