Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаш номзад ба вазифаи раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ


Сергей Бубка (аз чап) яке аз муддаиёни курсии раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад.
Russia -- Ukrainian Sergei Bubka, IOC presidential candidate (L), and Christophe Dubi, IOC Sports Department's Director, talk before the IOC Executive Board meeting at the SportAccord International Convention in St. Petersburg, 31May2013.

Сергей Бубка (аз чап) яке аз муддаиёни курсии раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Russia -- Ukrainian Sergei Bubka, IOC presidential candidate (L), and Christophe Dubi, IOC Sports Department's Director, talk before the IOC Executive Board meeting at the SportAccord International Convention in St. Petersburg, 31May2013.

Шаш номзад муддаии вазифаи раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) мебошанд.

Чунон ки Eurosport хабар додааст, ба рӯйхати ниҳоӣ шаш номзад дохил шудааст, ки дар интихоботи раиси КБО дар соли 2013-ум ширкат мекунанд.

Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияти Жак Рогге дар вазифаи раиси КБО инҳо барои ин вазифа талош хоҳанд кард: Сергей Бубка (Украина), раиси Кумитаи миллии олимпии Украина ва ҳамзамон муовини раиси Ассотсиатсияи байналмилалии федеросиюнҳои варзиши сабук (IAAF), Томас Бах (Олмон), муовини раиси КБО, Нг Сер Мианг (Сингапур), роҳбари кумитаи тадорукоти нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, Чинг- Куо Ву (Тайван), раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), Ричард Кэррион (Пуэрто-Рико),раиси комиссиюни КБО оид ба масоили ҳуқуқҳои телевизионӣ ва Денис Освалд (Швейтсария), собиқ раиси Федеросиюни байналмилалии қаиқронӣ (FISA).

Номзадҳо барномаҳои худро ба ҷаласаи ғайринавбатии КБО, ки 3-4-уми июл дар Лозаннаи Швейтсария доир мешавад, пешниҳод мекунанд. Интихоботи раиси КБО 10-уми сентябр дар Буэнос-Айреси Бразилия баргузор хоҳад шуд. Жак Роггеи 71-солаи белгиягӣ аз 16-уми июли соли 2001 раиси КБО мебошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG