Пайвандҳои дастрасӣ

"Мактаби лидерони ҷавон» дар Суғд


Дар истироҳагоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон «Мактаби лидерони ҷавон» фаъол гардид. Адҳам Мирсаидов, раиси созмони «Созандагони Ватан» рӯзи панҷшанбеи 13-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар ин мактаб, ки то таърихи 15 июн доир мешавад, беш аз 50 ҷавони болаёқат аз куллияи манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Суғду Хатлон 25 нафарӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 13 нафар, шаҳри Душанбе 10 ва вилояти Бадахшон 4 нафар гирди ҳам омадаанд, ки нозукиҳои «лидерӣ» -ро аз бар хоҳанд кард.»

Ба гуфтаи Мирсаидов, ин иқдом ба ибтикори «Созандагони Ватан» ва бо ширкати он ҷавононе, ки дар шаҳраку ҷамоатҳо, донишгоҳҳо ва ниҳодҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, баргузор мешавад, ки ҳадафи аслӣ, омода кардани онҳо ҳамчун лидер дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аст. Ин аст, ки ба таъкиди раиси созмони «Созандагони Ватан», давраҳои омӯзишӣ, улуми сиёсӣ, иқтисодӣ, фалсафӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраро дар бар мегирад ва устодону донишмандони ин соҳаҳо муррабигӣ хоҳанд кард.

Он гуна, ки Адҳам Мирсаидов гуфт, ин мактаб имкон медиҳад, то ҷавонон ҳам аз лиҳози назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ дар бораи умури «раҳбарӣ» ё лидерӣ дониши фарохе дарёфт кунанд ва дар ин роҳ омода шаванд. Ин аст, ки дар пайи поён ёфтани ин мактаб ба ширкаткунандагони он гувоҳнома ё сертификатҳо тақдим карда мешавад.

Зимнан, ин дуввумин «мактаби лидерони ҷавон» аст, ки ба ибтикори «Созандагони Ватан» ва Ҳизби Халқӣ -демократии Тоҷикистон ташкил мешавад. Нахустин чунин мактаб соли 2011 дар ноҳияи Варзоб бо ширкати 120 ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон сурат гирфта буд. Зимнан, созмони «Созандагони Ватан» қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG