Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Мусулмониён ба Китобхонаи миллӣ 4 ҳазор китоб тақдим кард


Имрӯз, панҷшанбеи 13-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахши китобхонаи донишманд ва адабиётшинос Раҳими Мусулмониён ифтитоҳ шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин маросим ширкат дошт, мегӯяд, ба ин чорабинӣ дустону ҳамкорони Раҳими Мусулмониён ва аҳли фарҳангу адаб ҷамъ омадаанд.

Муҳаммадиқбол Атоев, мудири бахши тарғибу ташвиқ ва баргузориҳои чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бахши китобхонаи Раҳими Мусулмониён, ҳудуди 4 ҳазор китоб аз ганҷинаи ин донишманд гирдоварӣ шудааст, ки бо кумаки ҳамсар ва фарзандони ин шахсияти адабӣ-фарҳангӣ ба Китобхонаи миллӣ супурда шуданд.



Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар қадами аввал, дастхатҳо ва китобҳои таълифнамудаи худи Раҳими Мусулмониён дар ин маҷмӯъа гирдоварӣ шудаанд ва ҳамчунин китобҳое, ки то ҳол дар китобхонаи шахсии вай маҳфуз буданд.

Ҷаноби Атоев мегӯяд, китобҳо хеле пурарзишанд ва бо забонҳои мухталифи тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, олмонӣ, чинӣ ва инглисӣ мебошанд.

Ба таъкиди ин мақоми Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, қарор буд, дар маросими ифтитоҳи ин бахши китобхона худи Раҳими Мусалмониён ширкат намояд, аммо ба иллати маризии сахт ширкат карда натавонист.

Раҳими Мусулмониён, ки устоди факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, дар солҳои 1990-ум баъд аз фурӯзон шудани оташи ҷанги дохилӣ ба Эрон муҳоҷират кард ва дар соли 2006 ба Тоҷикистон баргашт. Вай дар Эрон маҷмӯаи рисола ва мақолаҳояшро дар китобе бо номи “Посух” ба нашр расонд.

Раҳими Мусулмониён ҳамчунин муаллифи китоби "Назарияи адабиёт" аст, ки дар факултаҳои филология ва журналистикаи донишгоҳҳои Тоҷикистон китоби таълимӣ ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG