Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари обхезӣ дар Аврупои Марказӣ дасти кам 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ҳалокати сокини деҳаи Акен, воқеъ дар 140 километрии ҷанубу ғарби Берлин, хабар расид – ӯ мехост хати интиқоли барқро барқарор кунад ва аз зарби барқ ҷон дод.

Мақомоти Ҷумҳурии Чех ҳалокати 11 нафар, Австрия - 4 кас ва Словакия як нафарро тасдиқ кардаанд. Дар Олмон бисёр манзилҳои воқеъ дар соҳили рӯдхонаи Элба то ҳол зери обанд. Намояндаи дафтари садри аъзам Ангела Меркел хабар дод, ки даҳҳо ҳазор нафар дар қароргоҳҳои муваққат ба сар мебаранд.

Сатҳи об дар рӯдхонаҳо ба тадриҷ пойин мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG