Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чархболи Сурия ба як шаҳри Лубнон мушак андохт


Чархболи ҷангии артиши Сурия ба шаҳри наздимарзии Арсоли Лубнон се мушак андохт. Мардуни ин шаҳр суннимазҳабанд ва аз ошӯб алайҳи режими Башор Асад пуштибонӣ мекунанд. Як корманди нерӯҳои амниятии Лубнон ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ки дар ин ҳамла чанд кас маҷрӯҳ шудаанд.

Низомиёни лубнонӣ ҳушдор доданд, ки ин гуна ҳамлаҳоро беҷавоб нахоҳанд гузошт.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, фақат рӯзи сешанбе дар Сурия 257 нафар, аз ҷумла, 60 шиамазҳаби ҷонибдори Башор Асад дар задухӯрд бо сунниҳо дар деҳаи Хатлаи вилояти шарқии Дайр-уз-Зор кушта шуданд. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, иттилоъ доданд. Ба гуфтаи онҳо, аз шурӯи нооромиҳо дар беш аз ду соли пеш беш аз 90 ҳазор суриягиҳо ҷон бохтанд.

Рӯзи чаҳоршанбе нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои музокирот дар мавзӯи Сурия ҳафтаи оянда ба Лондон меояд.
XS
SM
MD
LG