Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳиягари маъруфи тоҷик Носир Саидов навори филми «Ойинаи беҷило»-ро анҷом дод.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки қарор аст нахустнамоиши филм охирҳои моҳи август ё аввалҳои моҳи сентябр дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шавад. Айни ҳол бандубасти филм идома дорад.

Филмномаи “Ойинаи беҷило”-ро Бахтиёр Каримов иншо кардааст. Ба гуфтаи Носир Саидов, жанри филми - драмаи психологист ва рӯзгори сангини марде қисса мекунад, ки писарашро дар танҳоӣ тарбия карда ва аммо ӯро ба таври ногаҳонӣ аз даст медиҳад. Табибон ба падар мегӯянд, "мо ҳаёти писари шуморо наҷот дода натавонистем, вале шумо метавонед ба маризи дигар, ки ба дили писаратон ниёз дорад, умри дигарбора бубахшед". Падар розӣ мешавад ва баъд аз ҷарроҳӣ ҳамон ҷавонеро пайдо мекунад, ки қалби писараш дар тани ӯ метапад. Чун маълум мешавад, ки ҷавон дар сағирхона бузург шудааст, падар аз ӯ мехоҳад то ҳамроҳаш зиндагӣ кунад, зеро ҳарду дигар хешу таборе надорад. Бехабар аз он ки маҳз ҳамин ҷавон қотили писараш аст... “Чаро ман ин филмномаро интихоб кардам? Барои он ки андарзи филмнома – аввалан, одаму одамигарист, ки дар замони мо, мутаассифона, коҳиш ёфтааст. Андарзи дуввум - мо бояд бахшиданро ёд бигирем, қаҳрамони асосии филм қотили писарашро мебахшад, зеро ӯ ҳам барояш акнун чун фарзанд аст, ҳарчанд қотил бояд аз рӯи қонун муҷозот шавад”, мегӯяд Носир Саидов.

Навори филм дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Нақши асосиро ҳунарманди маъруф Муҳаммадалӣ Маҳмадов бозидааст. Дигар ҳунарманди шинохта Моҳпайкар Ёрова низ яке аз нақшҳоро иҷро кардааст, аммо нақшҳои ду қаҳрамони дигар - писар ва қотилро ҳунармандони ғайриҳирфаӣ ва аммо, ба гуфтаи таҳиягар, хело хуб офаридаанд. Наворбардори филм Георгий Дзалаев аст, ки аз ин пеш, филми дигари Носир Саидов “Қиёми рӯз” ва ду асари машҳури Бахтиёр Худоназаров “Братан” ва “Қош ба қош” ва чанд офаридаи дигари “Тоҷикфилм”-ро навор гирифта буд. Барои “Ойинаи беҷило” Далер Назаров оҳанг эҷод кардааст.

​Ҳанӯз маълум нест, ки филми “Ойинаи беҷило” имсол дар ягон ҷашнвораи байнулмилалии синамо ширкат хоҳад кард ё не. Носир Саидов мегӯяд, “мо мехостем дар ҷашнвораи Пусони Корея ширкат кунем, аммо барои ин бояд корҳои бандубасти филм то охири моҳи июл анҷом ёбад. Дар акси ҳол барои пешниҳоди филм ба комиссиюни интихоб ба озмун дер хоҳад шуд”. Ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар шаҳри Пусони Корея, ки бузургтарин ҷашнвора дар қораи Осиё аст, моҳи октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Зимнан, бори аввал филми студияи «Тоҷикфилм» тавассути дастгоҳи ALEXA-и ширкати ARRI, яке аз беҳтарин дастгоҳҳои филмбардории муосир, ба навор гирифта шудааст. Ин дастгоҳ, ки филмҳои Ҳолливуду Боливуд бо он навор бардошта мешаванд, соли гузашта аз сӯи ин студия бо қимати 200 ҳазор евро харида шуда буд.

Носир Саидов баъд аз таҳияи филми «Қиёми рӯз» маъруф шуд. Ин филм, ки сенарияашро Сафари Ҳақдод навиштааст, соҳиби чандин ҷоиза дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Ҳиндустон, Русия, Корея, Австрия, Эрон, Ҷопон ва дигар кишварҳо гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG