Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи тоҷикҳо ба ватан баргашт


Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки ахиран тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шуданд, имруз ба Точикистон баргаштанд. ар ин бора сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод хабар дод.

Тӯйчӣ Раҳимов-падар, Гулхумор Маҳмадрасулова-модар, фарзандони онхо- Фотима, Абӯбакр, Умар ва Усмон узви як хонаводаанд, ки се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, мезистанд. Онҳо аслан аз рустои Дегайи ноҳияи Нуробод мебошанд.

Яке аз сабабхоии то имруз тул кашидани парвози ин хонавода аз Москва ба Душанбе, ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, он буд, ки фарзанди кӯчаки хонавода гирифтори беморӣ шуд ва то аз тарафи табибони Москва ташхис ва табообати бемории тифле, ки аз макони чангзада омадааст, фиристодани ин хонавода ва ватан имконнопазир буд. Табибон ягон бемории вазнинро дар вучуди ин тифли точик ошкор накарданд ва заъфи ӯро ба тағйири иқлим бастагӣ доданд. Таи ин муддат мушовири Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Мирзодавлат Одинаев якчо бо масъулини намояндагии Хадамоти мухочират дар Москва ба қазияи ин хонавода расидагӣ карданд ва нимаи дуюми рӯз онҳоро аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон фиристоданд.
XS
SM
MD
LG