Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаи радио ва телевизиони давлатии Юнон баста шуд


Дар иқдоме барои сарфаҷӯӣ аз пул ҳукмумати дар қарз ғуттавари Юнон фаъолияти телевизион ва радиои давлатиро боздоштааст. Ин эълон шоми рӯзи сешанбе пахш шуд ва каме лаҳни ҳушдорро дошт.

Баъд аз он шабакаи Hellenic Broadcasting Corporation фаъолияташро қатъ кард. Тақрибан 2 500 нафар коргарони ин шабака хостаанд, ки онҳоро дар ҷои дигар ё дар созмонҳои хурд бо кор таъмин кунанд.

Ҳазорон нафар ба нишонаи эътироз бар зидди чунин тасмими ҳукумат дар назди бинои шабакаи Hellenic Broadcasting Corporation дар шаҳри Афина гирдиҳам омаданд. Рӯзноманигорн аз тарк кардани ҷои кори худ саркашӣ кардаанд.

Симос Кедикуғлу-сухангӯи ҳукумат пахши барномаҳоро кори ғайризарурӣ ва масорифи бефоида арзёбӣ кард ва гуфт, ки ришвахорӣ ва мудирияти нодуруст дошт.

Пахши барномаҳои ин шабака ҳар сол барои ҳукумат тақрибан 300 миллион евро тамом мешуд.
XS
SM
MD
LG