Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳукми зиндони Акмат Боқиев 4 соли дигар илова шуд


Акмат Боқиев дар ҷустуҷӯи Интерпол
Акмат Боқиев дар ҷустуҷӯи Интерпол
Яке аз додгоҳҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон Акмат Боқиев-бародари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишварро барои фирор аз зиндон барои 5 соли дигар маҳкум ба зиндон кард.

Алмазбек Молдобоев-қозии додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳукми Акмат Боқиев рӯзи чаҳоршанбе дар ғиёбаш содир шудааст. Вай моҳи марти соли гузашта ҳангоми муолиҷаи бемории пневмания аз бемористон ғайб зад.

Моҳи августи соли 2011 вай барои ташкили нооромиҳои мардумӣ ва ҳамла ба нируҳои амниятӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Баъд аз фирор то ҳол маҳали буду боши Акмат Боқиев-бародари раиси ҷумҳури пешин маълум нест.
XS
SM
MD
LG