Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳон 10,5 миллион кӯдак хидматгорӣ мекунанд


Тақрибан 10,5 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон дар хонаи дигарон чун хидматгор кор мекунанд. Баъзеи онҳо дар шароити ғуломӣ қарор доранд.

Рӯзи чаҳоршанбе Созмони Ҷаҳонии Кори вобаста ба СММ дар робита бо Рӯзи Ҷаҳонии зидди кори кӯдакон гузориши худро ба нашр расондааст.

Бино ба ин гузориш, 6,5 миллион кӯдаки коргар аз 5 то 14 сола ҳастанд. 71 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар манотиқи дурафтодаи Покистон ва Непал падару модарон кӯдакони худро иҷборан барои хидматгорӣ ба хонаи дигарон мефиристанд, то аз ин роҳ қарзҳои худро пардохт кунанд.

Кӯдакон маъмулан ба тамизкорӣ, пӯхтупаз ва корҳои дигари ҷисмонии берун аз хона машғул мешаванд ва ҳатто онҳоро барои таъмини нафси шаҳвонии худ истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG