Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳпаймоёни Маскав раҳоии зиндониёни сисёсиро тақозо карданд


Ҳазорон нафар фаъолони мухолифони давлати Русия дар шаҳри Маскав раҳпаймоӣ анҷом доданд ва аз низоми раҳбарии Владимир Путин-раиси ҷумҳур интиқод карданд. Онҳо аз Путин хостанд, афродеро, ки дар зиндонҳо чун зиндонии сиёсӣ нигаҳ дошта мешаванд, раҳо кунанд.

Ин раҳпаймоӣ дар Рӯзи Русия-ҷашни милии ин кишвар баргузор шуд ва дар он тақрибан 6 000 нафар ширкат доштанд. Рӯзи Русия таътили миллӣ эълон шудааст.

Раҳпаймоён ба сӯи майдони Болотная роҳ пеш гирифтанд, майдоне, ки соли гузашта мухолифон дар он ҷо бар зидди бозгашти Путин бар сари қудрат тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд.
XS
SM
MD
LG