Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каспаров аз бозгашт ба Русия худдорӣ мекунад


Гарри Каспаров-қаҳрамони пешини шатранҷи ҷаҳон ва яке аз шахсиятҳои маъруфи мухолифони давлати Русия изҳор дошт, ки барои муддате дар хориҷ аз Русия хоҳад монд.

Вай мегӯяд, сабаб ин будааст, ки ниҳодҳои интизомии Русия ба фаъолиятҳои вай таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва талош доранд гаштугузори вайро маҳдуд кунанд.

Дар як нишасти хабарӣ дар Женева Каспаров гуфт, “ман рафту омадро то охири моҳи феврал идома медодам, вале эҳсос кардам, ки мумкин аст чун фаъолони дигари сисёсӣ мавриди таҳқиқи ниҳодҳои интизомӣ қарор бигирам. Барои ҳамин ман ҳоло аз бозгашт ба Русия худдорӣ мекунам”.

Каспаров гуфт, дар хориҷа боқӣ мемонад ва талош хоҳад кард, ки кишварҳои дигар низ мисли Амрико бар зидди Русия санаде аз қабили “Санади Магнитский” ба тасвиб расонанд. Ин санад бар зидди мақомоти расмии Русия, ки дар нақзи ҳуқуқи башар даст доранд, таҳримҳоеро дар назар дорад.

Дар мусоҳибае бо бахши русии радиои Озодӣ Каспаров дар бораи дидгоҳҳои худ роҷеъ ба ояндаи фаъолияташ изҳори ақида кард. Вай ба суоле дар ин бора, ки оё ақидаи мардум метавонад кишварҳои ғарбиро водор созад, то мавзеъгирии худро нисбат ба Русия шадидтар кунанд, чунин ҷавоб дод:

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00
Линки мустақим

Каспаров: Агар чизе битавонад, ки мавзеъгирии онҳоро тағйир диҳад, танҳо ақидаи мардум аст. Комилан рӯшан аст, ки ҳукумати ҳар кишвар ҳам кишварҳои аврупоӣ ҳам Амрико дар навбати аввал аз масъалаҳои сисёсӣ, геополитикӣ, масъалаҳои тиҷорати хусусӣ, ки манофеи стратегӣ дорад, нигарон мебошанд. Путин хуб медонад, ки онҳоро чӣ тавр ба чунин манофеъ таҳрик кунад. Вале ақидаи мардум нерӯ аст, нерӯст, ки сиёсатмадорони ҷаҳони озодро ба андеша водор мекунад. Барои он, ки мардум ба пои сандуқҳои раъй мераванд, раъй медиҳанд. “Санади Магнитский”, ки дар Амрико ба тасвиб расидааст, метавонад дар Аврупо ҳам ба тасвиб расад”.

Озодӣ: Шумо бовар доред, ки садои шумо ва ҳамкорони шумо шунида мешавад?

Каспаров: Албатта, садои ман шунида мешавад ва ҳамин гуна садои бисёре аз ҳамкорони ман низ. Масъалаи дигар ин аст, ки фаъолияти ваҳшатбори мудофеони Путин ва садои ҷонибдорони зиёди вай дар Аврупову Амрико баландтар шунида мешавад. Бо вуҷуди ин вазъ тадриҷан тағйир меёбад. Ман тахмин мезанам, ки дар солҳои наздик яке аз кишварҳои аврупоӣ ё гурӯҳе аз кишварҳои аврупоӣ ба таври ҷиддӣ ба таҳияи санаде мисли “Санади Магнитский” машғул хоҳанд шуд. Фақат бояд дарк кард, ки ин санади амрикоӣ ба режими Путин зарбаи равонӣ зад”

Озодӣ: Шумо механизми имкондоштаи тағири режими Русияро чӣ тавр тасаввур мекунед? Ин ҷунбиши тудаҳо аз поин ё ягон чизи дигаре аз қабили табаддулот дар дохили Кохи Кремл хоҳад буд, ки атрофиёни Путин аз таҳримҳо норозӣ шаванд ва барои барканории вай талош кунанд?

Каспаров: Дар воқеъ ҳеҷ навъ сенарияе барои сарнагунии диктатура вуҷуд надорад. Он гуна, ки мо медонем, сенария барои ҳар кишвар падидаи нодир аст. Маълум аст, ки ҳукумат ба ҳар навъ сенарияи норинҷӣ омода шудааст, зеро сенарияи норинҷӣ сабти номи нируи сисёсии мухолифро дар назар дорад, ки барои тағири ҳокимият ва баргузории интихоботи озоду одилона талош мекунад. Вале дар Русия ин роҳ комилан баста аст. Барои ҳамин ягон далеле вуҷуд надорад, то мо тахмин занем, ки дар Русия дар робита бо равандҳои интихоботӣ тағйирот пеш меояд. Фақат роҳи дигар боқӣ мемонад: эътироз дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои гуногуни инқилоби дохилии Кохи Кремл”.

Озодӣ: Шумо 50 сола шудед ва дар ин муддат ду навъ зиндагӣ доштед, яке зиндагии қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон ва дигарӣ зиндагии шахсияти иҷтимоиву сисёсӣ. Фикр намекунед, ки дар хориҷа мондани шумо марҳилаи севвуми зиндагии шумо хоҳад буд?

Каспаров: Ба фикри ман, бояд ҳамеша бо коре машғул бишавӣ, ки бо он тағйироте оварда тавонӣ. Ман то ҳол имкон дорам, ки ба ҷунбишҳои пурҷамъияти эътирозомез кӯмак кунам ва кореро бикунам, ки дар кишвари мо тағйири ҳокимият бидуни хунрезӣ анҷом бигирад. Гузашта аз ин, ман тасаввуроти рӯшан дорам, ки дар миқёси ҷаҳон метавонам корҳое анҷом диҳам. Масалан, талош кунам, ки шатранҷ ба як навъи таълим дар мактабҳо ворид карда шавад. Гузашта аз ин, ба назари ман хеле муҳим аст, ки бо истифода аз таҷҳизоти муосир одамон дар саросари ҷаҳон бо ҳам муттаҳид шаванд, одамоне, ки аз ақидаҳои озодихоҳона дифоъ мекунанд. Масалан, ҳоло ман ба як гурӯҳи фаъолони Эрон кӯмак мекунам. Онҳо ба таҳияи тарҳи баргузории интихоботи озод дар Эрон машғуланд”.
XS
SM
MD
LG