Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти боздиди мудири кулли Интерпол аз Душанбе


Роналд Нобл дар дидор бо Рамазон Раҳимов
Роналд Нобл дар дидор бо Рамазон Раҳимов

Мақомоти Тоҷикистон бо мудири кулли Интерпол аз ҷумла қазияи Сабина ва Малика Араловаҳоро баррасӣ кардаанд.

Раиси маркази миллии Интерполи Тоҷикистон Ҷамшед Машрабов мегӯяд, дар чорчӯби аввалин сафари дабири кулли Интерпол ба Тоҷикистон ҷараёни кофтукоби ду духтараки беному нишон шудаи тоҷик Малика ва Сабина Араловаҳо низ баррасӣ шуд ва ҷаноби Роналд Нобл ба мақомоти Тоҷикистон дар бораи иқдомҳои Интерпол маълумот дод.


Ҷамшед Машрабов: Бо Интерпол қазияи Сабина ва Маликаро баррасӣ кардем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00
Линки мустақим


Малика ва Сабина Араловаҳо, амакбачаҳои панҷ ва чорунимсола рӯзи 25 март аз наздики манзили худ дар хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд.

Рӯзи 10-уми июн дабири кулли Интерпол Роналд Нобл бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов таҳдидҳо ба амнияти Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва имконоти Интерпол дар амри рафъи ин таҳдидҳоро баҳс кардааст. Бар иловаи мубориза бо терроризм ва амнияти марзҳо, ду ҷониб қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсонро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додаанд. Ба қавли Интерпол, Тоҷикистон дар муқобили гурӯҳҳои фаромарзии ҷиноӣ қарор дорад, ки марзҳои тӯлонии ин кишварро барои транзити маводи мухаддир ба кишварҳои дигар истифода мебаранд. Ҳамчунон гурӯҳҳои ҷиноӣ шаҳрвандони Тоҷикистон: зану мард ва кӯдакони маҳаллиро ба хотири истифода дар корҳои иҷборӣ ва фаҳшо ба кишварҳои хориҷӣ қочоқ мекунанд.


Ҷамшед Машрабов (аз рост)
Ҷамшед Машрабов (аз рост)
Дабири кулли Интерпол дар мулоқоташ бо Ҷамшед Машрабов - раиси шӯъбаи Интерпол дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамкории ин созмон бо ниҳодҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон ва мамолики Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст, ки шаҳодати тавсеаи ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи саросари олам дар мубориза бо терроризм ва ҷинояткории фаромарзӣ мебошад.

Интерпол мегӯяд, Тоҷикистон дар солҳои 2011-2012-ум истифодаи бойгонии мошинҳои рабудашудаи Интерполро ду баробар бештар намудааст. Ҷамшед Машрабов мегӯяд: “Воқеан мо ба бойгонии Интерпол дастрасӣ пайдо кардаем ва ҳар мошини воридшударо тафтиш мекунем, ки оё дар бойгонии мошинҳои дуздидашуда сабт шудааст ё не? Мо тавсеаи ҳамкорӣ дар ин самтро ҳам баррасӣ кардем.”

Назар ба хабари Интерпол, масъалаи дигаре, ки дар дидору гуфтугӯҳои дабири кулли Интерпол бо мансабдорони тоҷик баҳс шудааст, ҳуҷҷати сафарии Интерпол аст, ки ҳадаф аз судури он осон намудани ёриҳои Интерпол ба 190 кишвари узви ин созмон ва сабук намудани сафари афсарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот аст, ки зери сарпарастии Интерпол ба роҳ мебароянд.

Дар ин бора раиси маркази миллии Интерполи Тоҷикистон мегӯяд: “Аслан ҳадафи сафари расмии ҷаноби Нобл ба Тоҷикистон шиносоӣ бо кори вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва фаъолияти бюрои марказии милии Интерпол буд. Ҳамчунон дар ин сафар созишномаи давлати Тоҷикистон Бо Интерпрол дар мавриди истифодаи паспортҳои байналмилалии Интерпол арзёбӣ шуд."

Феълан 60 кишвари узви Интерпол шиносномаи сафарии Интерполро, ки дар шакли китобчаи электронӣ ва ё корт нашр шудааст, эътироф мекунанд.
Нобл дар соли 2000-ум ба мақоми дабири кулли Интерпол интихоб шудааст.
Имрӯз бо дархости Тоҷикистон дар рӯйхати сурхи Интерпол 126 шаҳрванди Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҷой дода шудаанд, ки аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо ҷиноятҳои мухталиф айбдор дониста шудаанд. Ҳамчунон Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи 37 шахси беному нишон шуда аз Интерпол кумак хостааст.

Моҳи феврали соли равон бо дархости Тоҷикистон ва гувоҳномаи Интерпол мақомоти Украина собиқ сарвазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки дар Тоҷикистон бо дуздии амволи давлат, талош барои ғасби қудрат ва куштор муттаҳам мешавад, дар фурудгоҳи Борисполи Украина боздошт карда буданд. Вале додгоҳи Украина дар моҳи март ҳукм баровард, ки Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон истирдод нашавад ва ӯро аз боздошт раҳо намуд. Ҳамин гуна бо дархости Тоҷикистон ва гувоҳномаи Интерпол соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қууватов дар Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст ва эҳтимолан моҳи август додгоҳи ин кишвар имкони истирдоди ӯро муҳокима хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG