Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон пас аз панҷ моҳи депортатсия ва ҷудоии Сайрам Ғафурова аз кӯдаки ширхораш, аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия нома дарёфт кардааст, ки дар он ба модари тоҷик иҷозаи дубора ворид шудан ба хоки Русия дода шудааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл онҳо аз Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия нома дарёфт кардаанд, ки дар он ба шаҳрванди Тоҷикистон Сайрам Ғафурова, сокини вилояти Суғд иҷозат дода шудааст, то дубора вориди қаламрави Русия шавад.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Сайрам Ғафурова - модари кӯдаки 8 моҳа, ки дар шаҳри Толяттии вилояти Самара кору зиндагӣ мекардааст, тибқи муқаррароти будубош дар он кишвар, пас аз ба охир расидани муҳлати иқоматаш барои муваққатан аз хоки Русия берун шудан, дар таърихи 31-уми январи соли равон ба Қазоқистон меояд.

Аммо баъда аз он, ки мехоҳад дубора вориди хоки Русия шавад, марзбонони Русия дар гузаргоҳи «Маштаково» ӯро боз медоранд ва барои ду маротиба нақз кардани шароити иқомати Русия депортатсияаш мекунанд. Вале кӯдаки ширхораи ӯ Фаридахони 4-моҳа дар Толяттӣ назди падару модари Сайрам мемонад.

Тайи ин муддат Сайрам Ғафуров ба унвони президент, вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти федеролии Русия пайваста нома зада, вазъи худро баён дошта хоҳиш кардааст, ки ӯро барои вуруд ба Русия иҷоза диҳанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар номаи Хадамоти федеролии Русия махсус таъкид шудааст, ки танҳо ба хотири кӯдаки ширхорааш ба Сайрам Ғафурова иҷозат дода шудааст, ки ба ҷои иқоматаш ба шаҳри Толяттии Самара баргардад. Ҳамин тавр пас аз 5 моҳи ҷудоӣ аз кӯдаки ширхорааш Сайрам Ғафурова имкон пайдо намуд, ки ба дидори фарзандаш бирасад.

Сайрам Ғафурова, сокини вилояти Суғди Тоҷикистон чанд сол қабл ҳамроҳи падару модараш ба Русия рафта дар онҷо ба кору зиндагии худ идома додаанд. Ҳоло Сайрам Ғафурова модари танҳост ва омодагӣ дорад, ки ҳар чӣ зудтар ба дидори фарзандаш бирасад.
XS
SM
MD
LG