Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мухолифи давлати Русия дар Эстония паноҳандагӣ гирифт


Сурен Газариён-аз шахсиятҳои маъруфи мухолифони давлати Русия ва коршиноси муҳити зист ба Эстония паноҳ бурд. Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, рӯзи сешанбе мақомоти Эстония ба Газариён барои се сол ҳақи иқомат додаанд.

Газариён шаш моҳи охир дар ҳамин ҷумҳурии каронаи Балтик зиндагӣ мекунад. Вай узви Шӯрои Ҳамоҳангии мухолифони Русия аст ва дар солҳои ахир барои
муборизаҳояш ба хотири ҳифзи муҳити зист ва мухолифаташ ба буридани ҷангалҳои Сочӣ дар садри хабарҳо қарор дошт. Соли 2014 дар Сочӣ бозиҳои зимистонаи Олимпӣ баргузор мешавад.

Соли 2011 вай барои ширкат дар тазоҳуроти эътирозӣ бо чанд нафар аз ҷонибдоронаш бар зидди буридани ҷангале дар минтақаи Краснодар чанд рӯз ба ҳабс гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG