Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис эътирозгаронро аз Майдони тақсими Истанбул ронд


Фирори эътирозгарон аз Майдони Тақсим

Фирори эътирозгарон аз Майдони Тақсим

Бино ба гузоришҳо, баъд аз задухурди пулис бо эътирозгарони зиддидавлатӣ шаби гузашта вазъ дар Истанбул ором, вале нигаронкунанда буд. Шоми сешанбе ва субҳи чаҳоршанбе пулис бар зидди эътирозгарон аз мошинҳои обпошу гази ашковар истифода кард, то онҳоро аз Майдони Тақсими шаҳр биронад.

Тазоҳуркунандагон дар ҷавоб ба сӯи пулис санг ва қуттиҳои таркандаи маводи сӯхт партоб мекарданд. Пулис рӯзи чаҳоршанбе Майдони Тақсимро зери назорати худ даровард ва эътирозгарон аз он ҷо ба боғи паҳлӯии Гезӣ рафтанд.

Аз 31 май ба ин сӯ, ки тазоҳуроти эътирозӣ дар Майдони Тақсим оғоз ёфта буд, шаби гузашта хатарноктарин шаб буд. Ҳусейн Авнӣ Мулту-шаҳрдори Истанбул шоми сешанбе эълон кард, ки пулис ҳамчунон амалиёти худро идома хоҳад дод, то тазоҳуркунандагонро пароканда созад.
XS
SM
MD
LG