Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сиёсат кордор бошем ё не?


Замониддин Насриддинов
Замониддин Насриддинов

Блогнависи тоҷик Замониддин Насриддинов номае наверо барои гӯшаи "Блогистон" ба Радиои Озодӣ фиристод, ки инак, нашр мекунем.

Аз ҳама қариб мешунавем ва ҳама таъкид мекунанд, ки беҳтар аст, кас бо сиёсат кордор набошад. Хитоб мекунанд: "Ту хубтараш аз паи кори худат шав, ба сиёсат корат набошад. Биё мон, ин сиёсат ҳаром аст! Оқибати нек надорад."

Вале баръакси ҳама, аз президент сар карда, то муаллими деҳа таъкид мекунанд – ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед!

Оё метавон бе донистани сиёсат ва кордор будан ба он ҳушёрии сиёсиро аз даст надод? Чӣ гуна метавон дар сиёсат бомаърифат ва зирак буд? Аз сӯе ҳам магар ин сиёсат нест, ки ҳамарӯза бо мо кордор мешавад? Ба кишвар одамони аз лиҳози сиёсӣ бофаҳм зарур аст ё гӯлу нодон?

Онҳое, ки мегӯянд, ба сиёсат кордор набош, ин ҳаросро надоранд, ки шаҳрванди аз лиҳози сиёсӣ нодон ба осонӣ метавонад, дар хидмати бегонагон бошад ва ба мардуми худ хиёнат кунад?

Вақте аз мо талаб мешавад ва ҳангоме ки ҳақ дорем дар интихоби Президент, депутатҳо, референдумҳо ва дигар маъркаҳои кишвар фаъол бошем, чӣ гуна мешавад, бо сиёсат кордор набуд?

Сиёсат ҳақиқатан кори хеле муҳим аст ва ба он намешавад ҳаргуна одамонро боварӣ кард. Коркарди сиёсат ва татбиқи он бояд, кори донишмандтарин одамон бошад, на ҳар шахсони тасодуфие, ки намедонам чӣ гуна дар парлумон менишинанд ва сиёсат меофаранд.

Мисол сиёсати ин шабу рӯзи давлат равона кардани диққати мардум ба суботи Тоҷикистон аст. Садову симо ин мавзӯъро мехоҳанд ба майнаи ҳамагон ҷо кунанд, то ҳама дарк кунад, ки оромиву амният муҳимтарин марҳилаи пешравӣ дар ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳамин тариқ диққати мо ба сулҳу ваҳдат ва омилҳои ба он вобаста доим банд хоҳад шуд. Усулҳои таъсир расонидан ба ин сиёсат ин дастрасӣ ба садову симост. Яъне мо метавонем зимни дастрасӣ дигар паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардумро равшан кунем ва ба сиёсат таъсир расонем ва ё ин ки «кордор» шавем, то давлат ва халқ инчунин ба проблемаҳои муҳоҷират, бекорӣ, бебарқӣ, фасод, хешутаборбозӣ ва амсоли он низ аҳамият диҳанд. Чунин «кордоршавӣ» ҳаққи конститутсионии мост! Чун ҳама гуна сиёсатҳо ба мо равона карда шудаанд ва таъсири он ба мо мерасад ва сиёсат ҳам ба хотири мо вуҷуд дораду пеш бурда мешавад.

«Тафтиш» кардани бардошти «таъсир» ба сиёсат чӣ гунааст, оё «кордории» мо ба сиёсат «таъсир» мекунад? Албатта мекунад, чун мебинем як масъаларо садову симо ё ашхоси алоҳида пайгирӣ мекунанд, натиҷааш маълум мешавад. Ҳатто борҳо дидаем, ки масъулон қоил мешаванд, ки баъзе масъалаҳоро аз тариқи омӯзиши афкори ом маълум ва ислоҳ намудаанд. Амр кардан, ки ба сиёсат кордор мабош – ин як афкори пучу тарсомезу ғуломонааст.

Ин фикри шахсии ман. Фикри Шумо чист?
XS
SM
MD
LG