Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи Тоҷикистонро моҳи август эълон мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми июн дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон амр содир намуда буд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо баррасии ҳафт масъала кори худро ба поён расонд.Тағйиру иловаҳо ба Қонунҳо «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории террорризм», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва Кодекси ҷиноятии ҶТ ворид гардида, аслан ба пешгирии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм рабт дошт.

Яке аз тағйироти воридшуда он аст, ки тибқи тағйироти воридгардида ба Қонун «Дар бораи нотариати давлатӣ» ҳангоми амалиётҳои нотариатӣ агар ҳаҷми моли ба қайдгирӣ ва маблағи он беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил диҳад, мақомоти нотариат бояд ба ниҳоди зиддахл муроҷиат намояд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар иҷлосия гуфтааст, ки таърихи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи август дар иҷлоси муштараки ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон эълон хоҳанд кард. Ин интихобот, қарор аст, моҳи ноябри соли равон доир шавад.
XS
SM
MD
LG