Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруҳи Толибон дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи худ Додгоҳи олии Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабонаи Толибон дар даромадгоҳи Додгоҳи Олии ин кишвар дар шаҳри Кобул, 17 нафар кушта ва 39 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ин эъломия Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи интиҳориро накӯҳиш намуда, ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ҳамдардӣ карда ва Толибонро ходимони душманони ислом хондааст.

Аксари қурбониҳои ҳамлаи рӯзи сешанбе ходимони Додгоҳи Олӣ будаанд, ки аз кор ба хонаҳояш бармегаштаанд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, дар миёни қурбониён занон ва кӯдакон низ ҳастанд.

Хабаргузори Радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса гузориш додааст, ки дар ин ҳодиса се мошини навъи «Costar», ки вобаста ба Додгоҳи олии Афғонистон буданд, тахриб шудаанд.

Ян Кубиш, намояндаи СММ дар Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки масъулияти шумори зиёди қурбониҳои мулкӣ бар дӯши ошӯбгарон аст: “Мутаассифона, унсурҳои зиддиҳукуматӣ, ошӯбгарон дар ҳолатҳои бисёре масъули талафот дар байни мардуми осоишта ҳастанд. Тибқи омори мо дар давраи таҳқиқот масъулияти 74 дар сади қурбониҳои осоишта бар дӯши нерӯҳои зиддиҳукуматӣ будааст."

Толибон изҳороте пахш намуда, масъулияти ҳамла ба Додгоҳро бар дӯш гирифаанд. Онҳо таҳдид кардаанд, ки агар додгоҳҳои кишвар судури ҳукми эъдоми Толибонро идома диҳанд, ҳамлаҳо бештар хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG