Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон мехоҳанд ба Тақсим баргарданд


Шоми сешанбе полиси Туркия бо истифода аз гази ашковар имкон надод, ки ҳазорҳо эътирозгари ғазаболуд ба майдони Тақсими Истанбул баргарданд.

Субҳи сешанбе полис ба ин майдон юриш намуда, гирдомадагонро аз маркази эътирозҳои саросари Туркия, ки як ҳафта пеш оғоз ёфтаанд, ихроҷ карда буд. Вале шоми 11-уми июн эътирозгарон аз нав ҷамъ шуда, ба полис муқовимат нишон доданд.

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, нерӯҳои табаҳкор бо ҳадафҳои сиёсии худ гирдиҳамоиҳои мардумиро беэътибор карданд. Эрдуғон таъкид кардааст, ки аз ин ба баъд мақомот эътирозҳои зиддиҳукуматиро таҳаммул нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG