Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон эътирозҳоро "тарҳи душманони Туркия" номид


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, аз ширкаткунандагони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ даъват кард, ки оромона майдони Тақсими Истамбулро тарк намоянд. Ӯ мавҷи эътирозҳоро як бахши "тарҳи душманон барои рахна задан ба нуфузи Туркия ва иқтисоди кишвар" номид.

Рӯзи сешанбе кормандони полис тавассути гази ашковар ва мошинҳои обпош бахше аз эътирозгаронро аз майдони Тақсим берун карданд. Онҳо ҳамчунин сангарҳои аз сӯи эътирозгарон дар кӯчаву хиёбонҳои атроф сохтаро барчиданд. Ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ сӯи полис шишаҳо бо маводи сӯзанда меандозанд.

Садҳо эътирозгарон беш аз як ҳафта боз шабҳоро дар хаймаҳо дар майдони Тақсим рӯз мекунанд. Рӯзона ҳазорон сокинони Истамбул ба онҳо мепайванданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумат дар Туркия рӯзи 31 май баъд аз он шурӯъ шуданд, ки полис ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд.
XS
SM
MD
LG