Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Рӯзи сешанбе таркиши мудҳиш минтақаеро дар Кобул такон дод, ки биноҳои ҳукуматӣ ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Хабарнигори Радиои Афғонистони Озодӣ хабар дод, ки инфиҷор дар наздикиҳои бинои Додгоҳи Олӣ рӯй додааст. Дар бораи қурбониён алҳол хабари расмӣ нашр нашудааст, аммо шоҳидон гуфтанд, ки чандин каси куштаву маҷрӯҳро дидаанд. Гуфта мешавад, ки ҳадди аққал се мошин пора-пора шудаанд.

Дар ҳамин ҳол дафтари СММ дар Кобул хабар дод, ки имсол теъдоди қурбониён миёни сокинони осоиштаи Афғонистон назар ба ҳамин давраи як соли пеш 25 дар сад боло рафтааст. Аз ибтидои сол бар асари ҳамлаҳои афроди мусаллаҳ беш аз 3 ҳазор афғонҳо кушта ё маҷрӯҳ шуданд. Ҳамзамон дипломатҳои Созмони Милал хабар додаанд, ки теъдоди қурбониён бар асари ҳамлаҳои маргталабона ҳам 25 дар сад кам шудааст.
XS
SM
MD
LG