Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Global Peace Index: Дунё ноамнтар шудааст


Пажуҳиши нави “Шохиси ҷаҳонии сулҳ-2013” (Global Peace Index-2013) собит мекунад, ки бар асари афзоиши кушторҳову боло рафтани хароҷоти низомӣ имсол 110 кишвари олам ноамнтар шуданд. Амният фақат дар 48 кишвар беҳтар шудааст.

Дар ин таҳқиқот, ки аз сӯи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ, мақараш дар шаҳри Сиднеи Австралия, таҳия шудааст, ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, афзоиши хароҷоти низомӣ дар Эрон, Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳо ишора шудааст.
Муаллифон Русия ва қаламрави АвроОсиёро баъд аз Осиёи ҷанубӣ, Ховари Миёна ва шимоли Африқо минтақаи ноамни ҷаҳон хондаанд. Исландия амнтарин ва Афғонистон – нооромтарин кишварҳои олам арзёбӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG